TJ RU EN
Таърих: 2025-12-06 / 04:13

Ҳамла ба рӯзноманигор: дар Душанбе хабарнигори “Asia-Plus ”-ро латукӯб карданд

Дирӯз ду шахси номаълум ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамла карда ӯро сахт латукӯб карданд

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik Тавре худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ахиран ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 дар назди хонааш, воқеъ дар наздикии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе ду нафари ношинос бе ягон сабаб ба ӯ ҳамла карданд. Онҳо чизе нагуфта, ӯро хомӯшона латукӯб карданд. Ягон чизашро ҳам нагирифтанд. Баъд аз он, ки Абдуллоҳ овоз баланд кард, нафароне, ки ба ӯ ҳамла карданд аз ҷои ҳодиса гурехтанд. Вай гуфт, пас аз ин ҳодиса ӯро ба бемористон бурданд. Айни замон ӯ зери назорати табибон қарор дорад.

https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200512/1031221823/Hamla-ba-ruznomanigor-dar-Dushanbe-khabarnigori-Asia-Plus-ro-latukub-kardand.html

Инҳоро бояд шинохт

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
 
Пайвандҳои лозима