Хабарҳо
Мудири як телевизиони мустақилро дар шаҳри Панҷакент ба гумони "авбошӣ" дастгир кардаанд, вале худаш гуфта, ки гуноҳ надорад. Ба қавли вакили мудофеъ, қазия ба занозании моҳи сентябри имсол вобаста аст. Дар он ҳодиса як узви пешини "Авангард" ва ҳоло корманди Идораи ҷавонон осеб дидааст.
Дар Додситонии шаҳри Панҷакент гуфтанд, нисбат ба
28.10.2022 10:18 186
Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қонеона рад кардааст.
Бинобар пӯшиш додани ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябр сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷониби Вазорати фарҳангу иттилооти ин кишвар барои ду моҳ масдуд карда шудааст.
Ба иттилои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон иддао
27.10.2022 17:16 179
Сарфи назар аз имконияти фароҳам овардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” маҳдудият ба дастасии иттилооти судӣ мондааст, шаффофият ва мустақилияти мақомоти судиро зери суол мебарад, - гуфт Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Ассосиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) 25 октябр, дар Душанбе баъди
27.10.2022 10:54 262
Дар Душанбе вазъи дастрасии иттилоот дар судҳо баррасӣ гардид.
Дар ҳамоише, ки имрӯз, 25-уми октябр, дар Душанбе ҷиҳати муаррифии мониторинги Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” баргузор гардид, муҳокимаи рӯзноманигорони боздоштшуда дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) мавриди баҳси иштирокчиён қарор гирифт.
Хурсандмурод Мирзозода, роҳбари дастгоҳи Суди
26.10.2022 18:17 229
Як намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, то ин дам дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигорон ва сокинони боздоштшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шикоят нагирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки наздикони баъзе аз онҳо ба таври ошкор аз латукӯби боздоштшудаҳо хабар доданд.
Файзалӣ Давлатзода, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт,
26.10.2022 15:44 258
Ду журналист аз Тоҷикистон, инчунин редаксияи тоҷикии Cabar.Asia дар ҷараёни IV-умин фестивали Осиёи Марказии MediaCAMP Fest аз ҷониби мунаққидони расонаии «Новый репортер» мукофотҳои махсус дарёфт намуданд.
Мукофот барои журналистикаи ҳассос ба гендер
Сарфи назар аз он ки журналистҳое, ки дар маводҳои худ масъалаҳои баробарии гендериро матраҳ мекунанд, онҳо на ҳамеша аз дастгирии
26.10.2022 11:38 161
Мақомот ба пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, рӯзи 22-уми октябр иҷозаи дидор додаанд.
Ӯ дар ин дидор гуфтааст, ки пас аз нашри муҳтавои номааш мақомот ӯро азият доданд.
Ин суҳбат як рӯз пас аз нашри муҳтавои номаи Пирмуҳаммадзода дар Радиои Озодӣ сурат гирифтааст.
Ӯ дар номааш навишта буд, ки аз рӯзи аввали
25.10.2022 12:26 156
Дар Тоҷикистон интернет транзитӣ буда, хатҳои он тариқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон мегузаранд.
Рӯзи 24 октябр дар кори интернет дар Қирғизистон мушкилиҳои сартосарӣ ба мушоҳида расид. Ба гуфтаи сокинон, суръати интернет аз 16 мегабити маъмулӣ дар як сония то 256 килобит ё худ 2 мегабит даряк сония поин рафт. Ширкатҳои Қирғизистон хабар
25.10.2022 12:11 223
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, ки ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст, дар номае аз дохили Боздоштгоҳ гуфтааст, он қадар “заданду кӯфтанду ба барқ монданд, ки мехостам бимирам.”
Як манбаи наздик ба тафтишот нусхаи номаро, ки муаллиф хостааст, ба хотири “ифшои саҳнасозиҳои ҳукумат” расонаӣ шавад,
21.10.2022 12:04 481