Хабарҳо
Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот хост, мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигору блогери шинохта Далери Имомалиро фавран озод кунанд.
Додгоҳ рӯзи 17-уми октябр ӯро ба даҳ сол зиндон маҳкум кард.
Тереза Рибейро рӯзи 18-уми октябр дар баёнияе дар Телеграм гуфт, аз ин ҳукм ваҳшатзада шуд ва онро "зарбаи дигар ба
19.10.2022 11:51 171
Онҳо зиндонӣ кардани рӯзноманигоронро зарбаи дигар ба озодии матбуот номиданд.
Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон (Committee to Protect Journalists), созмони воқеъ дар Ню-Йорк ва Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз ҳукми додгоҳ нисбати Далери Имомалӣ, журналисту блогнави тоҷик интиқод карда, онро маҳкум намудаанд ва аз мақомоти Тоҷикистон
19.10.2022 11:10 202
Муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо пӯшиши иттилоотии бесобиқаи ҳарду ҷониб анҷом ёфт. Ҷониби Қирғизистон, тибқи мушоҳида, худро фаъолтар нишон медод: ҳатто дар яке аз баннерҳо дар Киев иттиҳоми «таҷовузкор» будани Тоҷикистон баромад - он навиштаҷоти чанд рӯзе овезон буд.
Аммо, ба ҳар ҳол, дар ҷанги иттилоотӣ кӣ бурд ва
18.10.2022 15:17 350
Ӯро ҳамчунин ҷарима кардаанд.
Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳамчунин, рӯзноманигор бояд ҷарима низ пардохт намояд. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" яке аз пайвандони Далери Имомалӣ хабар дод.
Тибқи иттилои дастрасгардида, ҳукми рӯзноманигор дирӯз, 17-уми октябр, эълон гардидааст.
18.10.2022 10:32 268
Дар Тоҷикистон муҳокимаи чанд хабарнигор аз ҷумла Далери Имомалӣ паси дарҳои баста идома дорад ва пештар аз ин ҳамкори ӯ Абдуллои Ғурбатӣ ҷазои сахте гирифту ба бештар аз 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳеч яке аз муҳокимаҳо боз сурат намегирад ва ба ғайр аз афроди ангуштумор касеро ҳам ба толор
15.10.2022 12:26 221
Рӯзноманигор айби нисбаташ эълоншударо эътироф накарда буд.
Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик вакили дифоъ ҷудо карда буд, аз болои ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур, ки рӯзи 4-уми октябр Ғурбатиро ба 7,5-сол равонаи зиндон кард, ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии пешакӣ
15.10.2022 11:16 244
Имрӯз ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо роҳбарии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров ба шаҳри Душанбе омад. Меҳмононро Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни истиқболи меҳмонон зикр шуд, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби президентҳои
14.10.2022 15:10 195
Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзи 13-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе гузашт, вале бе ҳузури пайвандон.
Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "вакили мудофеъ дар бораи оғози мурофиа хабардор карда буд. Шиносномаҳоро гирифта омадем, вале иҷозат надоданд, ки ба дарун дароем. Ҳатто писари калонияшро ба муҳокима роҳ надоданд."
14.10.2022 10:49 150
Қаблан наздикони рӯзноманигор гуфта буданд, ки ӯ зери шиканҷа гуноҳро иқрор шудааст.
Муҳаббатшоҳ Баллаев, адвокат ё вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик имрӯз, 13-уми октябр, пас аз шиносоӣ бо парванда ва мулоқот бо зерҳимояаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ ба рӯзноманигорон гуфт: “Имрӯз бо парванда шинос шудем. Абдусаттор хабарҳо дар бораи фишору
14.10.2022 10:36 270